
БОЗДИД АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА ВА ШОЛӢ ДАР ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ АМОНДАРА
2025-05-20 16:03:46
Кишоварзони шаҳри Панҷакент ин баҳор тибқи дурнамо дар майдони 3900 гектар картошка ва 1850 гектар шолӣ кишт мекунанд ва ҳоло кишти ин зироати муҳимӣ ғизоӣ идома дорад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Амондара бо рафти кишти картошка ва шолӣ шинос шуд.
Гуфта шуд, ки кишти шолӣ, ки дар майдони 270 гектар пешбинӣ шудааст, дар арафаи анҷомёбӣ буда, кишти картошка дар ҳамаи хоҷагиҳои деҳқонӣ идома дорад ва деҳқонон имсол майдони онро ба 280 гектар расониданианд.
Аз ҷумла, дар хоҷагии деҳқонии “Чашмасор” то кунун аз панҷ гектари пешбинишуда дар чор гектар картошка шинонидаанд ва ҳашари кишт идома дорад. Дар маҷмӯъ то ин муддат дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоати деҳот дар 109 гектар картошка кишт кардаанд.
Дар сӯҳбат бо роҳбарияти ҷамоати деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ вусъат додани кишти картошка ва иҷро кардани нақшаи пешбинишуда қатъӣ талаб карда шуд.
