
МАРО ЧУН ТОҶИКИСТОНӢ САДО КУН
2025-05-19 14:50:35
Чу меборад ба сар борони меҳрат,
Маро бо шеъри боронӣ садо кун!
Душанбе қиблаи армони ман шуд,
Маро чун тоҷикистонӣ садо кун!
Муаллифи ин ғазали ваҳдат, ки мақтааш иқтибос шуд ва боз сию панҷ китоби шеър, баргардони даҳҳо маҷмӯаи ашъори шоирони классику муосир аз хати форсӣ ба хати кирилии тоҷикӣ, мақолаҳои зиёд дар мавзӯъҳои рӯз, соҳиби китобхонаи нодир дар шакли воқеӣ ва маҷозӣ, узви савдорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, раиси бахши панҷакентии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, узви Созмони рӯзноманигорони Тоҷикистон, дорандаи нишони “Хидмати шоиста”, нишонҳои Аълочии маориф ва илм, Аълочии матбуоти Тоҷикистон Исмоил Зарифӣ ба синни мубораки 70- солагӣ қадам гузошт.
Раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ӯро ба ҳузур пазируфта, бо 70-солагӣ муборакбод намуд ва зимни ёдоварӣ аз хидматҳояш чун омӯзгор, шоир, рӯзноманигор, эҷоди ашъори зиёд дар мавзӯъҳои ватандӯстӣ, ишқу муҳаббат ба диёр, фарзандони барӯманди миллат ва чун шахсияти фаъоли ҷомеа барояш саломатӣ ва барори эҷодӣ орзу намуд.
Ба шоир ба ифтихори ин санаи мубораки умр чун барги сабз гулдаста, ҷома ва тӯҳфаҳои пулию молӣ тақдим шуд.
Пешниҳод шуд, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии кишвар ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар саҳни Кохи Лоиқи шаҳр маҳфили шеъри Исмоил Зарифӣ баргузор карда шавад.