
КОРХОНАИ КОРКАРДИ ҚАЛЪАГӢ ВА МИС АЗ НАВ БА КОР АНДОХТА МЕШАВАД
2025-05-15 14:16:41
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва мусоидати мақомоти марбутаи Ҷумҳурӣ баъди даҳ соли танаффус корхонаи муштараки “ Броадтек- Тоҷикистон майнинг инвестмент лимитед”, ки бо сармоягузории соҳибкорони чинӣ бунёд шуда буд, аз нав ба кор андохта мешавад.
Дар ин бора дар мулоқоти раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо директори корхонаи мазкур Гуо Чин Чин ва муовини ӯ Сун Ҷи Фенг иттилоъ дода шуд.
Зимни мулоқот гуфта шуд, ки корхонаи мазкур соли 2015 баъди бунёди коргоҳи истеҳсолӣ дар ҳудуди деҳаи Рукнободи Ҷамоати деҳоти Ворӯ ба истихроҷ ва коркарди маъдани қалъагӣ ва мис дар кони мавзеъи Мушистон шурӯъ намуда, баъди андаке бо сабабҳои гуногун аз фаъолият бозмонд ва ҳоло соҳибмулкони чинии он дар мувофиқа бо мақомоти марбутаи ҷумҳуриявӣ барои аз нав ба кор андохтани он омодагӣ мегиранд.
Дар сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ба кор омода намудани коргоҳи истеҳсолӣ, таъмиру таҷдиди роҳ, таъминот бо барқ, об, қабули кормандон ва дигар масъалаҳои омодагӣ ба оғози фаъолияти истеҳсолии корхонаро матраҳ намуданд.
Гуфта шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти корхона ва мақомоти соҳавии ҷумҳурӣ барои ҳарчи зудтар ба кор андохтани корхона мусоидат менамояд.