
ГИРОМИДОШТИ ХОТИРАИ ҲОФИЗИ ХАЛҚӢ
2025-05-14 08:57:14
Дар Рӯзи “Шашмақом”, ки дар Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент бо иштироки доираи васеъи мухлисону ҳаводорони ин шоҳкори мусиқии классикии тоҷикон бо барномаи ҷолиби бозхонии сурудҳои он баргузор шуд, раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз хидматҳои арзандаи Ҳофизи Халқии Тоҷикистон, дорандаи ордени “Шараф”, шодравон Умриҷон Баҳриев ёдоварӣ намуд.
Роҳи эҷодии Умриҷон Баҳриев ба олами санъати асил аз курсии ронандагӣ, дастаи ҳаваскорон оғоз ёфта, истеъдоди фитрӣ ,завқи баланд ӯро ба ҷодаи ҳунари асили “Шашмақом” овард, ба гирифтани унвони Ҳофизи Халқии Тоҷикистон, ордени “Шараф”, профессори фахрии донишкадаи омӯзгории Панҷекат сазовор шуд. Дар даҳҳо озмунҳои ҷумҳуриявӣ мусиқии асили классикиро муаррифӣ намуд.
Ин сароянда ва навозандаи мумтоз на танҳо дар иҷрои сурудҳои “Шашмақом”, балки эҷоди оҳангҳои нав дар радифи ин шоҳасар нақши арзанда дошт. Силсилаи оҳангҳои эҷоднамудаи ӯ бо номи “Мақоми Муставӣ” бар матни шеърҳои ноби шоирони классик ва муосир, ки ба нота дароварда, ба нашр расидааст, аз ҷониби донандагони мусиқии классикӣ баҳои баланд гирифтааст.
Дар сӯҳбати раиси шаҳр бо ҳамсари ҳофиз Зарофат Мирзобобоева, ки дар манзили шодравон сурат гирифт, бори дигар аз саҳми ин ҳофизи боистеъдод дар рушди санъати мусиқӣ, тарбияи санъаткорони ҷавон сухан рафта, таъкид шуд, ки хидматҳои арзандаи ӯ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат қадрдонӣ шудааст ва ному кораш пос дошта мешавад.
