
“ШАШМАҚОМ”- ДОСТОНИ МӮҲТАШАМИ САВТУ КАЛОМ
2025-05-12 18:48:01
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки «Шашмақом” – достони муҳташами савту калом аст, ки дар навоҳои он беҳтарин ва олитарин орзуву пиндорҳои неки аҷдодони мо таҷассум гардидаанд. Дар мусиқии “Шашмақом” намунаҳои маърифатангези назми оламшумули тоҷиқӣ бо лаҳни форам ба парвоз омада, руҳи мардуми маърифатпарвари моро болида месозад”.
Ин маънӣ дар оғози таҷлили Рӯзи “Шашмақом” дар Кохи Лоиқи шаҳри Панҷакент, ки бо ҳузури ҳаводорон ва мухлисони ин шоҳасари мусиқӣ доир шуд, дар шодбошии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода баён гардид.
Гуфта шуд, ки ин шоҳасари мусиқӣ тӯли асрҳо аз даҳон ба даҳон, аз тариқи “устод- шогирд” омӯзонида, то ба замони мо омада расидааст ва маҳз дар даврони истиқлол бо иқдому ғамхориҳои фарҳангпарваронаи Пешвои миллат барои ҳифзу такомули “Шашмақом”-ҳамчун шоҳасари мусиқӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, он ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардид ва аз соли 2002 ба инҷониб санаи 12 май ҳамчун Рӯзи “Шашмақом” таҷлил мегардад.
Ин шоҳасари мусиқии асили классикӣ дар Панҷакенти бостонӣ, ки дар гузашта аз ҳавзаи эҷодии мақомсароии Самарқанду Бухоро маншаъ мегирифт, ҳаводорони зиёде дошт ва он дар ҳама ҷашну маъракаҳои ҷамъиятию мардумӣ садо медод ва хушбахтона, ин анъана имрӯз низ барҷост.
Таъкид шуд, ки ин анъанаи нек идома дода, нишастҳои моро маҳз мусиқии асили “Шашмақом”, ки шунавандаашро ба пиндору кирдору гуфтори нек, камоли инсонгароӣ, дарки маъниҳои баланди шеъри классикон даъват мекунад, оро диҳанд. Талқин ва дарки ин мусиқии олӣ насли ҷавонро аз бад кардану бад андешидан, ба корҳои ношоиста даст задан боз медорад.
Дар ҷамъомад ҳамчунон таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сарпарастии нашри маҷмӯи мақолаҳоро дар бораи таърихи рушди “Шашмақом” дар Панҷакент ва таҳсили наврасони соҳибҳунарро дар риштаи мусиқии классикии донишкадаҳо ба ӯҳда мегирад.
Барномаи ҷолиби гурӯҳи мақомсароёни “Навои Панҷакент” хотири ҳозиринро бо савту наво, рақс ва сурудҳои дилошӯби ин шоҳасари мусиқии классикии тоҷикон шод намуд.