
НАЗОРАТ БА ИСТИФОДАИ НЕРӮИ БАРҚ ПУРЗӮР КАРДА МЕШАВАД
2025-05-12 17:31:40
Масъалаҳои вобаста ба истифодабарандагони нерӯи барқ фаҳмонидани мазмуну моҳияти Қонун “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Қонун “Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон” дар ҷамъомад дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода, прокурори шаҳр, мушовири адлияи давраҷаи 1 Искандар Раҳматзода, сардори шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшон Нодирхон Акмалзода, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зимни гузориши муовини якуми раиси шаҳр Сабур Собирзода гуфта шуд, ки бо ин мақсад бо қарори раиси шаҳр гурӯҳҳои корӣ таъсис шуда, онҳо муваззаф шудаанд, ки мӯҳтавои тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои ҷиноӣ ва ҳуқуқвайронкуниро вобаста ба таъини муҷозот барои ғайриқонунӣ истифода бурдани нерӯи барқ ба ҳар оила фаҳмонида, ба ин васила қонуншиканӣ дар ин самт пешгирӣ карда шавад.
Моҳияти ин тағйиру иловаҳоро раиси шаҳр, прокурори шаҳр ва сардори шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшон ба ҳозирин фаҳмонида, онҳо вазифадор карда шуданд, ки онро ба ҳар оила расонида, барои пардохти ҳаққи истифодаи нерӯи барқ тадбирҳои амалӣ андешида шавад
Дар идомаи ҷаласа рафти кишти баҳорӣ, аз ҷумла картошка дар хоҷагиҳои деҳқонӣ баррсӣ карда, пешниҳодҳои шуъбаи минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар водии Зарафшон ба самъи ҳозирин расонида, масъулон барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда водор карда шуданд.