
ПАНҶАКЕНТ: ОҒОЗИ МУМФАРКУНИИ РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ...
2025-05-12 16:45:35
Дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент то ин муддат 43, 5 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш ва 43,2 километр қумпӯш карда шудааст.
Бо оғози фасли гармо нахустин шуда, сокинони деҳаи Дашти Қозии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва фотиҳаи собиқадорон ба мумфаршкунии роҳи байни деҳа шурӯъ намуданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, роҳи байни деҳа, ки аз назди муассисаи таълимӣ мегузарад, дар масофаи 1300 метр бо саҳмгузории сокинон аз ҷониби ширкати сохтмонии “АСЛ” мумфарш карда мешавад. Ба ин кор мутахассисон ва техникаю механизми зарурӣ ҷалб шудааст.
Раиси шаҳр дар сӯҳбат бо собиқадорони барӯманди деҳа, омӯзгори собиқадор Мирзоҳомид ва собиқ ронанда Мирзоҳофиз Тулибоевҳо ба ин иқдоми собиқадорон ва сокинони деҳа баҳои баланд дод.
Онҳо иброз доштанд, ки бо ташаббусу иқдоми фаъолон ва сокинон дигар кӯчаҳои деҳа низ ба тадриҷ таъмир ва мумфарш карда, дар ин кор онҳоро собиқадорон сару бар мешаванд.
Дар маҷмӯъ соли равон дар шаҳр бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ мумфарш кардани 24 километр ва қумпӯш намудани 60 километр роҳҳои маҳаллӣ пешбинӣ шудааст.