Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > АЁДАТИ ПИРОНСОЛОН ВА МАЪЮБОН
single-product

АЁДАТИ ПИРОНСОЛОН ВА МАЪЮБОН

2023-09-10 09:02:17

Ғамхорӣ ба пиронсолону маъюбон, шахсони бесаробон дар сиёсати иҷтимоии давлат бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хоса дорад ва таъсиси шабакаи васеи хонаҳои пиронсолон ва маъюбон дар солҳои Истиқлол далели муътамади он маҳсуб мешавад.
Дирӯз раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Хорлиқзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори раёсати Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода бошандагони муассисаи давлатии “Хона- интернати пиронсолон ва маъюбони ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Панҷакент”- ро аёдат намуда, онҳоро бо 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Ҳоло дар ин муассисаи иҷтимоӣ 96 нафар солмандон ва маъюбон ба ғамхорӣ фаро гирифта, онҳо бо ҳамаи маводи зарурӣ ва хидматрасониҳо аз ҷониби давлат ва сарпарастон таъмин карда, ба онҳо 60 нафар хидмат мерасонанд.

single
single