Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > НАВАСКАРОН САВГАНДИ САДОҚАТ ЁД КАРДАНД
single-product

НАВАСКАРОН САВГАНДИ САДОҚАТ ЁД КАРДАНД

2025-05-11 15:01:29

Наваскарони қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи мамлакат мустақар дар шаҳри Панҷакент имсол дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳр, дар саҳни лавҳаи ёдгорӣ ба хотири шаҳидони ҷанг дар ҳузури раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода. роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, волидону наздикон ва садҳо нафар сокинони шаҳр барои хидмати содиқона ба Ватан, ба Президент, ҳифзи марзу буми муқаддаси он, фазои сулҳу суботи дар ҷомеа савганди садоқат ёд карданд
Гуфта шуд, ки дар даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ даҳҳо нафар ҷавонони шаҳр бо ибрати шоиста ба қаҳрамониҳои падарону бобоён бо амри дил хидмати Ватанро ихтиёр намуданд ва нақшаи даъват пеш аз мӯҳлати муқаррашуда ба иҷро расонида шуд.
Зимнан, дар ин қисми ҳарбӣ барои хидмати шоистаи сарбозон ҳама шароит- хобгоҳҳо, ошхонаи васеъ, майдончаҳои тамрин, ҳаммом муҳайё буда, дар анборҳо захираи зарурии хурокаи серғизо нигоҳдорӣ мешавад.
Наваскарон баъди ёд кардани савганди садоқат дар вазъияти тантанавӣ эҳтироми парчами ҳарбиро ба ҷо оварданд.