Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > СОБИҚАДОРОН АРЗИ СИПОС МЕКУНАНД
single-product

СОБИҚАДОРОН АРЗИ СИПОС МЕКУНАНД

2023-09-10 08:59:00

Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар рӯзи ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода сокини шаҳр, мӯйсафеди 96- сола Исҳоқ Ҳамдамовро, ки умре деҳқонӣ кардааст, аёдат карданд.
Ин пирамарди кордида бо вуҷуди солмандӣ ҳанӯз бардам аст ва дар ҳотаи хурдакаки назди ҳавлиаш деҳқонӣ ҳам мекунад.
Дар рӯзи ҷашни истиқлол ҳамчунин муаллимаи собиқадор Майрамой Мирзобобоева, собиқадори меҳнат, сокини деҳаи Сӯфиён Муҳаббат Ғаффорова, маъёби гурӯҳи якум, собиқ ронанда Алиҷон Шамсиев ва дигаронро аёдат карда, бо ҷашни Истиқлоли кишвар шодбош гуфта, ба онҳо тӯҳфаҳои пулию молии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.
Собиқадорон барои ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи пайваста ба Пешвои муаззами миллат сипос гуфта, омодагиашонро барои саҳмгузорӣ дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳи ватандӯстӣ изҳор намуданд.

single
single