Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > СОБИҚАДОРОН ҚАДРШИНОСӢ ШУДАНД
single-product

СОБИҚАДОРОН ҚАДРШИНОСӢ ШУДАНД

2023-09-10 08:55:42

Арҷгузорӣ ба заҳмати собиқадорон, қадршиосӣ намудани онҳо аз авлавиятҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат аст, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешавад.
Дар ин замина субҳи имрӯз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҷаҳонгир Салимзода ба як гурӯҳ собиқадорони соҳаҳои гуногуни иқтисод ва иҷтимоиёти шаҳр тӯҳфаҳои пулии муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро тақдим намуда, онҳоро бо 32- солагии Истиқлоли давлатии кишвар шодбош гуфтанд.

single
single