Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАВЗАИ ДАРЁИ ЗАРАФШОН
single-product

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ҲАВЗАИ ДАРЁИ ЗАРАФШОН

2025-04-18 17:03:41

Дар шаҳри Панҷакент бо иштироки намояндагони Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, навоҳии Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ, масъулони Лоиҳаи “Рушди фарогири деҳот. Дастгирии рушди иқтисодии деҳот бо мақсади таъмини даромаднокии аҳолӣ” ( TRIGGER), ки бо дастгирии молиявии шарикони рушд татбиқ мешавад ва дигар ташкилоту муассисаҳои манфиатдор ҷаласаи ҳафтуми Шӯрои ҳавзаи дарёи Зарафшон баргузор шуд.
Дар ҷаласа зимни гузоришҳо таъкид шуд, ки дар доираи ин лоиҳа дар навоҳии ҳавзаи дарёи Зарафшон зерлоиҳаҳое амалӣ карда мешаванд, ки ба иҷрои ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва Барномаи ислоҳоти оби Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025 мусоидат менамоянд ва ба ислоҳоти соҳаи об, механизмҳои ҳалли проблемаҳои мавҷудаи марбут ба банақшагирӣ, идораи захираҳои об, истифода ва беҳтар намудани амнияти обӣ ва устувории минтақаҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон ва ба ин васила баланд бардоштани ҳосилнокии зироат,дастгирии рушди бозор, пешбурди соҳибкорӣ ва баланд бардоштани некуаҳвории аҳолӣ нигаронида шудаанд.
Дар Шӯро зимни ҷавоб ба саволҳои иштироккунандагон масъулони Лоиҳа оид ба масъалаҳои ба як маҷро гирифтани дарёи Зарафшон, пешгирии обшавии пиряхҳои саргаҳи ин дарё, бо оби нӯшокӣ ва полезӣ беҳтар таъмин намудани шаҳри Панҷакент низ ибрози назар намуда, нақшаҳо барои давраи минбаъдаи татбиқи лоиҳа муайян карда шуданд.