Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ ХАЛИФА ҲАСАН ВА ЁРӢ
single-product

БОЗДИД АЗ РАФТИ КИШТИ КАРТОШКА ДАР ҶАМОАТҲОИ ДЕҲОТИ ХАЛИФА ҲАСАН ВА ЁРӢ

2025-04-17 16:43:39

Дар хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ ва шахсии шаҳри Панҷакент кишти картошка, ки ин баҳор дар майдони 3900 гектар пешбинӣ шудааст, бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ бомаром идома дорад.Дар заминҳои мавзеъи Қаволаи Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, ки деҳқонон аввали моҳи март картошкаи барвақтӣ шинонида буданд, он аллакай сабзидааст.
Зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент муовини аввали раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода бо раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти кишти картошка дар шаҳр, аз ҷумла, хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоатҳои деҳоти Халифа Ҳасан ва Ёрӣ шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки ин баҳор дар Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан дар майдони 505 ва Ёрӣ дар 580 гектар шинонидани картошка пешбинӣ шуда ,то имрӯз кишоварзон мутаносибан дар майдони 167 ва 78 гектар картошка кишт кардаанд ва ин кор ҳамарӯза идома дода мешавад.
Дар заминҳои доманфарохи Ҷамоати деҳоти Ёрӣ бо истифода аз таҷҳизоти картошкашинонӣ киштро идома медиҳанд. Ин усул имконият медиҳад, ки аз рӯзҳои офтобӣ босамар истифода бурда, домани майдони киштро васеъ намоянд.
Ба кишоварзон тавсия дода шуд, ки киштро вусъат дода, нақшаи пешбинишударо дар мӯҳлати кӯтоҳ ба иҷро расонанд.
Дар маҷмӯъ, то ин муддат дар шаҳр дар майдони беш аз 900 гектар картошка шинонида шудааст.