Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ПАНҶАКЕНТ ҚОМАТ РОСТ МЕКУНАД
single-product

ПАНҶАКЕНТ ҚОМАТ РОСТ МЕКУНАД

2025-04-15 15:55:48

Ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент бунёди 984 иншоот пешбинӣ шуда, давоми се соли гузашта ва се моҳи аввали 2025-ум 656 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, иншооти соҳаи тандурустию маориф, варзиш, истироҳатӣ - фарҳангӣ, сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо, маркази савдо ва хизматрасонӣ, биноҳои истиқоматии баланошёна, маъмурӣ пул ва дигар иншоот мавриди истифода қарор дода, ба масофаи умумии беш аз 85 километр роҳҳои маҳаллӣ, мумфарш ва қумпӯш карда шудааст.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти ба истифода омода намудани як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва маъмурӣ, аз ҷумла, меҳмонхона, хонаҳои истиқоматии баландошёна , марказҳои савдлю хидматрасонӣ, бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ барои ободу зебо намудани саҳн ва роҳҳои шафати он ба масъулон дастур дода шуд.
Дар маҷмӯъ ҳоло дар зиёда аз 300 иншооти таъиноти иҷтимоию истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ кор бо маром идома дошта, дар онҳо беш аз 2800 нафар ба кор ҷалб карда шудаанд.