
САФАРИ КОРӢ БА ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ХУРМӢ
2025-04-15 15:28:06
Дар ҷамоати деҳоти Хурмии шаҳри Панҷакент дар доираи нақшаи омодагиҳо ба ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ идома дорад ва кишоварзон кишти зироатҳои баҳорӣ, аз ҷумла картошкаро вусъат медиҳанд.
Зимни сафари корӣ ба Ҷамоати деҳот ва иштирок дар ҳашари картошкашинонӣ дар хоҷагии деҳқонии “Чубот” ба раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иттилоъ дода шуд, ки баҳори ҷорӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ дар майдони 70 гектар картошка кишт менамоянд ва то имрӯз дар ин хоҷагӣ дар 7 ва дар маҷмӯъ дар 35 гектар кишт гузаронида шудааст.
Ба роҳбарияти Ҷамоати деҳот, хоҷагиҳои кишоварзӣ ҷиҳати вусъат бахшидани кишти картошка ва омодагӣ ба кишти дигар навъҳои сабзавот ва шолӣ дастур дода шуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ раиси шаҳр ҳамчунин аз рафти бунёди коргоҳи хишт, маркази дандонпизишкӣ ва дорухона дар деҳаи Сари камар шинос шуда, соҳибмулкон барои дар мӯҳлати пешбинишуда ба истифода додани онҳо муваззаф карда шуданд.