
ТАВСЕАИ ҲАМКОРӢ БО ШАРИКОНИ РУШД ДАР ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲО
2025-04-15 15:25:55
Масъалаҳои тавсеаи ҳамкории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар татбиқи марҳалаи дуюми лоиҳаи “Идоракунии ҳамгирои захираҳои табиӣ дар водии Зарафшон барои рушди одилона ва устувор”(INVEST), ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд амалӣ карда мешавад, дар мулоқоти раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо роҳбари Лоиҳаи мазкур Зумрат Норматова мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зимни муҳокима масъалаҳои рафти татбиқи зерлоиҳаҳои татбиқшаванда ва пешбинишуда дар самтҳои таъминот бо оби нӯшокӣ ва полезӣ, фаъолияти шабакаҳо обрасонӣ, вусъат бахшидан ба татбиқи онҳо ва дигар зерлоиҳаҳо матраҳ карда шуданд.