
НАВРӮЗИ ФАРОБ
2025-04-15 11:53:28
Ба Фароб- дурдасттарин Ҷамоати деҳоти шаҳри Панҷакент фасли баҳор дертар фаро мерасад. Дар водиҳо дарахтон гул мекунанду онҷо нав ғунча мебанданд. Ҳар сол бо сабз шудани дашту ҳомун ва дарахтон сокинони деҳа ҷашни Наврӯзро бо шукӯҳу ҷалол ҷашн мегиранд.
Имсол низ дар майдони васеъи байни деҳа ҳама сокинон- хурду бузург, ҷамъ омаданд ва бо густурдани хони наврӯзӣ, ба намоиш гузоштани анвои меваҷоту сабзиҷот, ҳунари пазандагии бонувон ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, рақсу тарона Наврӯзро таҷлил намуданд.
Ба аҳли деҳа паёми шодбошии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзодаро муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода ироа намуда, аз онҳо даъват намуд, ки кишту кори баҳориро вусъат диҳанд, аз замини баландкӯҳ, ки ба истеҳсоли картошкаю ғалла, мева созгор аст, босамар истифода намоянд.
Ҷашни Наврӯз ин рӯз ҳамчунин дар дидбонгоҳи сарҳадии Фароби Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо густурдани дастархони идона хотирмон баргузор шуд.