
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ РӮЗ
2025-04-15 11:51:33
Рафти кишти баҳорӣ, аз ҷумла картошка, маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, ҳолати иҷрои нақшаи омодагиҳо ба 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи масъалаҳое буданд, ки дар маҷлиси навбатии назоратии назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғози ҷаласа раиси шаҳр таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба мӯҳтавои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар суханронӣ дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баён доштанд, аз ҷумла иҷрои вазифаҳое, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ гузошта шудаанд, татбиқи барномаи рушди шаҳру навоҳӣ, саҳмгузорӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, ҳифзи муҳити зист, истифодаи босамар ва сарфакоронаи нерӯи барқ, рушди соҳибкорӣ, тасеаи корҳои ободонӣ, афзун намудани истеҳсоли маводи ғизоӣ, зиракии сиёсӣ дар ҳимояи манофеи давлат ва миллат, мубориза бо ифротгароӣ ва ғайра ҷалб намуд.
Зимни шунидани гузоришҳои масъулон оид ба вазъи кишти баҳорӣ, аз ҷумла картошка, комиссияи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ, иҷрои нақшаи бунёди иншоот ва корҳои ободонӣ ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ҷамоатҳои деҳот, раёсати кишоварзӣ, ниҳодҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои дар мӯҳлати пешбинишуда анҷом додани кишти баҳорӣ, нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ ва вусъати корҳои ободонӣ муваззаф карда шуданд.