
ПАНҶАКЕНТ БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ОМОДА МЕШАВАД
2023-09-06 08:40:53
Тавре Асосгузои сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ба Истиқлол расидани Тоҷикистон аз муҳимтарин воқеоти таърихи миллат маҳсуб мешавад.
Дар ин росто имрӯз дар маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода омодагӣ ба таҷлили 32-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар оғози ҷаласа раиси шаҳр воқеаҳои муҳими сиёсию иқтисодие, ки дар ҳафтаи гузашта доир шуданд, аз ҷумла, ташрифи Пешвои муаззами миллат ба ноҳияи Данғара ва суханронӣ дар Донишкадаи тиббии Хатлон, баргузории маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳуриро шарҳ дод.
Гузориши муовинони раиси шаҳр Санъат Тоҳирзода ва Эркин Хушвахтзода дар бораи рафти омодагӣ ба таҷлили ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ шунида, ба масъулин ҷиҳати иҷрои нақшаҳои пешбинишуда, таваҷҷӯҳи ҷиддӣ ба маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ ҷалб карда шуд.
Дар ҷаласаи назоратӣ ҳамчунин ҳисоботи сардори муассисаи нигоҳдории роҳҳои автомобилӣ Маҳмадраҳим Пиров шунида, дастур дода шуд, ки нигоҳдорӣ ва таъмири роҳу пулҳои ҳудуди шаҳр дар сатҳи баланд ба роҳ монда, ҳаракати бемонеаи нақлиёт дар фасли зимистон таъмин карда шавад.
