
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ РӮЗ
2025-04-07 11:59:21
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМИ РӮЗ
Дастуру супоришҳое, ки дар ҷараёни сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тантанаҳои наврӯзӣ дар вилояти Суғд бо иштироки сарварони Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ҷамъомад оид ва вазъ ва рушди саноат баён гардиданд, дар оғози маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба ҳозирин тавзеҳ дода шуд.
Дар идомаи ҷаласа зимни шунидани гузориши муовинони раиси шаҳр ва роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ва пурсиши раисони ҷамоатҳои деҳот ва дигар масъулин таваҷҷӯҳи онҳо ба тавсеаи корҳои тарғиботӣ ва ташкилӣ ҷиҳати дар мӯҳлати кӯтоҳ ба иҷро расонидани нақшаи даъват ба хидмати ҳарбӣ, тезонидани кишти баҳорӣ, аз ҷумла картошка, идомаи корҳои ободонию сабзгардонӣ, дар мӯҳлати кӯтоҳ бартараф намудани оқибати ярч дар канали Марғедар, тибқи қонун ва дастуру низомномаҳо ба роҳ мондани коргузорӣ, назорати иҷрои қарорҳо ва дигар масъалаҳои муҳими рӯз баррасӣ шуда, ба роҳбарони корхонаю муассисаҳо, ҷамоатҳои деҳот дастуру супоришҳо дода шуд.