
ЗАМИНА БАРОИ РУШДИ КИРМАКПАРВАРӢ
2025-04-04 08:44:21
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла чун заминаи воқеъӣ барои тавсеаи саноати сабук дар мамлакат эътибори ҷиддӣ дода, бо ин мақсад Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2020-2024 мавриди иҷро қарор гирифт.
Дар ин асос мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент барои муҳайё намудани пойгоҳи хуроки кирмак тадбирҳои амалӣ андешид ва дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Саразм дар панҷ гектар тутзор бунёд карда шуд.
Тавре дар намояндагии ҶСК “Пиллаи тоҷик” дар шаҳри Панҷакент иттилоъ доданд, дар ин ҷо беш аз 30 ҳазор бех ниҳоли тути навъи буттагии паҳнбарг шинонида шудааст, ки ҳар бехи он то панҷ кило барг медиҳад ва он барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва истеҳсоли пилла- чун ашёи хоми саноатӣ, заминаи боэътимод мегузорад.
Ҳоло нигоҳубин ва парвариши тутзори нав тибқи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда шудааст ва дар канори он садҳо бех дигар навъи дарахтон низ шинонида мешавад.