
МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ КУЛЛИ КОРХОНАИ МУШТАРАКИ “ЗАРАФШОН”
2025-03-20 13:30:19
Арафаи ҷашни ҷаҳонии Наврӯз раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо директори кулли ҶДММ корхонаи муштараки “Зарафшон” ҷаноби Вэн Я Фэн мулоқот намуд.
Раиси шаҳр аз фазилату анъанаҳои наҷиби Наврӯзи тоҷикон ёдоварӣ намуда ӯ ва кормандони ин корхонаи азими саноатиро бо ин ҷашни миллӣ табрик гуфт ва барои таҷили бошукӯҳи он дар коргоҳ, ки дирӯз баргузор шуд ва арҷгузории роҳбарияти он ба анъанаю ҷашнҳои миллии тоҷикон изҳори қаноатмадӣ кард.
Дар мулоқот таъкид шуд, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба нақшу ҷойгоҳи ин коргоҳи азим дар рушди саноат, саҳмгузорӣ дар ғанӣ гардонидани буҷет ва корҳои ободонӣ баҳои баланд медиҳад ва бо роҳбарияти коргоҳ минбаъд низ ҳамкорию робитаи судмандро ба роҳ мемонад.