Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МУЛОҚОТ БО ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОР
single-product

МУЛОҚОТ БО ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОР

2025-03-19 16:12:18

Собиқаи меҳнатии сокини деҳаи Ҷомчашмаи Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент Амрилло Абдуллоев беш аз ним асрро ташкил мекунад ва 26 соли он ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 108-и зодгоҳаш сарварӣ намуда, бо талошу кӯшиши ӯ бинои таълимгоҳ таъмиру таҷдид карда шудааст.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳот бо ин омӯзгори собиқадор мулоқот намуда, ба ӯ барои меҳнати софдилона, таълиму тарбияи кӯдакону наврасони деҳа изҳори сипос намуд.
Ба омӯзгори собиқадор тӯҳфаҳои пулию молии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.