
БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ
2025-03-19 16:02:28
Бо дастгирию мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва саҳмгузории соҳибкорон ва волидон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 81 -и маҳаллаи нави деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатарош сохтмони синфхонаҳои иловагӣ идома дорад.
Дар ҷараёни шиносоии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти сохтмон гуфта шуд, ки он аз панҷ синфхона иборат буда, ҳоло бардоштани деворҳо идома дорад.
Зимни боздиди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 108, деҳаи Ҷомчашма бошад омӯзгорон ва сокинони деҳа сӯҳбат карда, онҳо барои дуруст ба роҳ мондани таълими кӯдакон ва ободу зебо намудани деҳа даъват карда шуданд.
