Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ РАФТИ ТАЪМИРИ КАНАЛ ВА ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ
single-product

БОЗДИД АЗ РАФТИ ТАЪМИРИ КАНАЛ ВА ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ

2025-03-19 15:45:01

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва саҳмгузории корхонаи муштараки “Зарафшон” ба деҳаи Ганҷи ниҳони Ҷамоати деҳоти Косатарош хати оби нӯшокӣ гузаронида мешавад.
Раиси шаҳр зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳот аз рафти кашидани хати оби нӯшокӣ, аз ҷумла бунёди ҳавз барои захира намудани об ва нуқтаи тақсимоти он шинос шуд. Бо анҷоми ин кор сокинони деҳа бо оби тозпи нӯшокӣ пурра таъмин мешаванд.
Дар ин боздид ҳамчунин рафти таъмир ва ба мавсим омода намудани канали Халифа Ҳасан, ки тавассути беш аз ду ҳазор гектар замин дар Ҷамоатҳои деҳоти Косатарош, Сӯҷина, Халифа Ҳасан обёрӣ карда мешавад, аз назар гузаронида, кормандони идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзави дарёи Зарафшон барои дар фурсати кӯтоҳ анҷом додани тозакунии қубурҳои обгузари маҷрои канал муваазаф карда шуданд.
Дар ин сафари корӣ раиси шаҳр ҳамчунин дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар канори роҳҳо иштирок намуд.