
МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ГӮШТИНГИРӢ ҶАМЪБАСТ ШУД
2025-03-19 11:26:56
Тавре хабар дода будем, рӯзи 17 марти соли равон ба ифтихори ҷашни Наврӯз бори нахуст дар варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ бо иштироки варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии исломии Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳ ва ҷамъбасти он роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Федератсияи байналмилалии гуштингирӣ, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ варзишгарони ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аз ҳама бештар нишон ба даст оварда, соҳиби мукофотҳои пулии таъсиснамудаи кумитаи тадорукоти мусобиқа шуданд.
Ин мусобиқаи байналмилалиро ҳайати иштирокчиёни Фестивали ҷаҳонии ҷавонон "Navruz Youth World Festival" низ тамошо карданд.

