
ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ГӮШТИНГИРӢ БАРГУЗОР МЕШАВАД
2025-03-15 12:30:45
Дар шаҳри Панҷакент бори нахуст бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат, Федератсияи гӯштингирии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимиятти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент ба ифтихори иди ҷаҳонии Наврӯз мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад.
Тавре дар кумитаи тадорукоти ин мусобиқаи байналмилалӣ иттилоъ доданд, дар он иштироки беш аз сад нафар паҳлавон аз Федератсияи Руссия, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Арманистон ва Тоҷикистон пешбинӣ шуда, мардон аз рӯи чор вазн ва бонувон аз рӯи як вазн байни ҳам рақобат мекунанд.
Сарпарастон барои ғолибони мусобиқа барои ҷойи аввал 10, мақоми дуввум 5 ва ҷойи сеюм 2,5 ҳазор сомонӣ мукофот таъсис додаанд.
Мусобиқа рӯзи 17 март, соати 10 дар варзишгоҳи марказии шаҳр оғоз шуда, бегоҳи он рӯз маросими ҷамъбасти он баргузор мешавад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз вазъи омодагии варзишгоҳи марказии шаҳр ба ин мусобиқаи байналмилалӣ шинос шуд. Он барои баргузории мусобиқа омода буда, барои ҳаводорони гӯштини миллии тоҷикӣ, ки соли гузашта мақоми байналмилалиро гирифт, шароити мусоид фароҳам шудааст.
Зимнан, намуди гӯштингирӣ соли гузашта бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байналмилалиро соҳиб шуд ва порина дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе, нахустин мусобиқаи байналмилалӣ бо иштироки паҳлавонон аз 60 кишвар баргузор шуда буд ва ҳоло дар 63 давлати сайёра федератсияҳои миллии гӯштингирӣ таъсис ёфтааст.
Ҳамаи ҳамдиёрон ва дӯстдорону ҳаводорони гӯштингириро ба тамошои ин мусобиқаи ҷолиби байналмилалӣ даъват менамоем.
