
ЯК РӮЗИ БАҲОР – ПУР КУНАД АНБОР
2025-03-15 09:05:05
Маънию мӯҳтавои ин ҳикмати халқиро кишоварзони Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент хуб дарк менамоянд.
Аз ин ҷост, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоиди баҳорӣ ҳоло дар хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ҷамоати деҳот ҳамарӯза ҳашари картошкашинонӣ идома меёбад.
Зимни боздид аз рафти ҳашари картошкашинонӣ дар хоҷагиҳои ба номи Мирзобобо Қиёмов ва “Меҳнатобод” иттилоъ доданд, ки имсол деҳқонони ҷамоати деҳот дар майдони 535 гектар картошка шинониданианд ва қисми бештари онро кишти барвақтии ин зироат ташкил медиҳад.
Дар хоҷагиҳои ҷамоати деҳоти Ёрӣ низ деҳқонон аз рӯзҳои офтобӣ босамар истифода намуда, кишти картошкаро вусъат медиҳанд. Бо истифода аз таҷрибаи деҳқонони кордида, пеш аз кишт ба заминҳо нуриҳои маҳаллӣ, аз қабили пору ва хоки бегона, барои беҳтар намудани таркиби хок дар баъзе қитъаҳо қуми маҳин мерезанд.
Ба гуфти деҳқонон бо ин васила ҳосилнокии картошкаро, ки ба ғизо серталаб мебошад, ба мартиб зиёд намудан мумкин аст.
