
КИШТ ИДОМА МЕЁБАД
2025-03-14 14:36:34
Хоҷагии деҳқонии ба номи Фирдавсӣ аз калонтарин хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Амондара маҳсуб шуда, имсол онҳо қатори дигар зироат дар 140 гектар кишти картошкаро пешбинӣ намудаанд.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода гуфта шуд, ҳоло кишти картошка ва омода намудани заминҳо дар мавзеъи Дашти маллаи хоҷагӣ бо маром идома дошта, дар рӯзи аввал деҳқонон дар се гектар картошка шинонидаанд ва ин кор ҳамарӯза идома дода мешавад.