
КИШТИ БАРВАҚТӢ ҲОСИЛИ ФАРОВОН МЕДИҲАД
2025-03-14 14:18:52
Инро кишоварзони хоҷагии деҳқонии “Ворӯ”-и Ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент аз таҷрибаи тӯлонӣ хуб медонанд ва бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ нахустин шуда, ба кишти барвақтии картошка шурӯъ намуданд.
Ҳоло ҳамарӯза даҳҳо нафар кишоварзон дар заминҳои саҳмияашон ба шинонидани картошка машғул ҳастанд ва ин кор рӯз то рӯз вусъат меёбад. Имсол онҳо дар заминҳои ҳамвори мавзеъи Рукнобод ва қитъаҳои кишти кӯҳсор дар 85 гектар картошка кишт менамоянд.
Тавре дар Ҷамоати деҳот шарҳ доданд, имсол кишоварзон тасмим гирифтаанд дар 280 гектар картошка шинонанд ва беш аз 100 гектари он дар заминҳои ҳамвории водӣ воқеъ аст ва ҳоло фурсати мувофики кишт дар ин заминҳо мебошад.
Дар қисмати кӯҳии ҳудуди ҷамоати деҳот мавсими кишти картошка дертар фаро мерасад ва деҳқонон ҳоло ба омода намудану ғизодиҳии заминҳо, тайёр кардани тухмии картошка машғул ҳастанд.
