
ВУСЪАТИ КОРҲОИ БАҲОРӢ
2025-03-14 12:59:31
Дар Ҷамоати деҳоти Саразм, ки аз калонтарин минтақаҳои шаҳри Панҷакент маҳсуб мешавад, корҳои баҳорӣ вусъат меёбад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар ҳашари ниҳолшинонӣ дар шафати шоҳроҳи Панҷакент Айнӣ, ки аз ҳудуди ин ҷамоати деҳот оғоз меёбад, иштирок намуд. Дар канори шаҳроҳ ин рӯз ҳашарчиён садҳо бех нимҳолҳои ороишӣ ва сояафкан шинониданд.
Кишоварзони деҳаи Шӯрноваи нав бошанд ин рӯз ба бунёди тутзори нав шурӯъ намуданд, ки ба рушди пиллапарварӣ, ки барои онҳо шуғли сердаромад маҳсуб мешавад, замина мегузорад.
Дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳот ҳамчунин имрӯзҳо кишти картошкаи барвақтӣ идома дорад ва онҳо тасмим гирифтаанд майдони онро нисбати порина афзоянд. Зимнан, ҳамасола картошкаи барвақтии Саразм аз ҳама пештап ба бозор бароварда мешавад.
Дар ин боздиди корӣ ҳамчунин бо фаъолияти хоҷагии ниҳолпарварии шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр, ки дар ҳудуди ин ҷамоати деҳот воқеъ аст ва рафти омода намудани пойгоҳи обкашии “Ленинград” ба мавсими обёрӣ шинос шуда, барои комилан омода намудани он дастур дода шуд.
