
САФАРИ КОРӢ БА ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ САРАЗМ
2025-03-14 12:58:05
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар Ҷамоати деҳоти Саразм ба ифтихори ҷашни бузурги 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ корҳои ободкорию бунёдкорӣ идома меёбад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳот бо рафти бунёди як идда иншоот, аз ҷумла сохтмони майдони пазироӣ ва дарвозаи рамзии шаҳр шинос шуда, ба роҳбарияти ширкати сохтмонии “Асл” ҷиҳати дар мӯҳлати муқарраршуда бо тарҳу намои зебо ба анҷом расонидани он дастур дода шуд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72-и шаҳраки Саразм бошад бо саҳмгузории соҳибкорон ва сокинон сохтмони варзишгоҳи замонавӣ идома дорад ва ҳоло ҳашарчиён ба рангу бор намудани панҷараҳои атрофи он ва омода кардани фарши он машғул ҳастанд.
Зимни боздид ҳамчунин аз рафти сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Шӯрноваи нав, ки бо дастгирии сокинон бунёд мешавад ва васлу насби хати оби нӯшокӣ дар деҳаи Бостондеҳ, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва лоиҳаи шарикони рушд барои бо оби тоза таъмин намудани беш аз 700 оила шинос шуда, ба ташаббускорони ин иқдомоти созандагӣ изҳори сипос карда шуд.