
ДИДОРБИНӢ БО СОБИҚАДОРИ МАТБУОТ
2025-03-12 16:57:20
Бо дастури раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода бо рӯзноманигор, омӯзгор ва таърихнигор Дӯсталӣ Нуралиев, ки ба синни мубораки 96- солагӣ расидааст, дидорбинӣ карда, бо Рӯзи матбуоти тоҷик муборакбод намуд.
Ӯ солиёни зиёд ба ҳайси омӯзгор, рӯзноманигор ва дар вазифаи раиси иттифоқи касабаи соҳаи маориф фаъолият намуда, дар бораи шахсиятҳои номвари шаҳри Панҷакент мақолаҳои зиёд ва чанд маҷмӯаю китоб низ ба нашр расонидааст.