Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК
single-product

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

2025-03-12 16:09:52

11 март ҳамасола дар саросари мамлакат ба ифтихори нашри нахустин рӯзнома ба забони тоҷикӣ дар Осиёи Миёна – “Бухорои шариф” Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил карда мешавад.
Ба ин муносибат дирӯз дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки рӯзноманигорони собиқадор ва кормандони васоити ахбори маҳаллӣ ҷамъомад баргузор шуд.
Муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода паёми шодбошии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзодаро ба ҳозирин ироа намуда, онҳоро бо иди касбиашон муборакбод намуд.
Аз ҷумла, гуфта шуд, ки бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти воситаҳои ахбори оммаи мо маҳз дар замони истиқлоли давлатии Тоҷикистон оғоз гардид ва матбуот вобаста ба воқеияти замон такомулу ташаккул ёфт.
Расидан ба истиқлоли сиёсӣ имкон фароҳам овард, ки теъдоди нашриҳои чи давлатӣ ва чи ҷамъиятию хусусӣ ба маротиб афзояд ва ҳоло дар шаҳр нашрияи мақомоти иҷроияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр- “Зарафшон”, шуъбаи маориф-“Чашмаи меҳр”, ҶДММ “Садою симо-“Симо” ва нашрияи Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – “Мароми халқ”ба нашр мерасанд, садою симои шаҳрӣ бошад аз соли 1991 инҷониб бинандагонашро бо рӯйдодҳои ҳаёти шаҳри Панҷакент ошно менамояд.
Дар фарҷоми ҷаласа ба як гурӯҳ собиқадорон ва кормандони васоити ахбори умум сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, нишони "Аълочии матбуоти Тоҷикистон" ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

single