Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

МУЛОҚОТ БО МОДАРОН

2025-03-07 16:21:37

Имрӯз чун анъанаи нек дар арафаи Рӯзи модар раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо як идда бонувони барӯманди шаҳр мулоқот намуда, онҳоро бо Рӯзи модар табрик гуфт.
Яке аз онҳо собиқадори соҳаи саноат, ки солиёни зиёд дар корхонаи муштараки “Зарафшон” вазифаҳои масъулро ба ӯҳда дошта, дар рушди саноати шаҳр саҳми арзанда гузоштааст, Мавлуда Ҳошимова аст.
Собиқадори соҳаи маориф ва кишоварзӣ, соҳибкори муваффақ Муҳаббат Ҳакимова бошад солҳои тӯлонӣ дар ин соҳаҳо заҳмат кашида, барои рушди маориф,кишоварзӣ ва соҳибкорӣ дар Ҷамоати деҳоти Ёрӣ ҳиссагузор аст.
Дар ин рӯз ҳамчунин бо собиқадори соҳаи хидмати маишӣ Муслима Ҷумъаева ва Хӯҷбоева Анзурат, ки беш аз чил сол дар соҳаи тандурустӣ содиқона кор кардааст, мулоқот намуда, ба онҳо барои меҳнати бисёрсолаи содиқона изҳори сипос карда шуд.
Ба бонувони барӯманд тӯҳфаҳои идонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

single