Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МАШВАРАТ БО ШАРИКОНИ РУШД БАРОИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО
single-product

МАШВАРАТ БО ШАРИКОНИ РУШД БАРОИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО

2025-03-06 14:27:43

МАШВАРАТ БО ШАРИКОНИ РУШД
БАРОИ ТАВСЕАИ ҲАМКОРИҲО
Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар машварат бо масъулони лоиҳаи Идоракунии ҳамгирои захираҳои табиӣ барои рушди одилона ва устувор дар водии Зарафшон (INVEST), ки бо ҳамкории Ҳукумати мамлакат, Иттиҳодияи Аврупо ва Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии водии Зарафшон амалӣ мешавад, масъалаҳои идома ва роҳу усулҳои минбаъдаи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз ҷумла, зимни гузориш масъулони Лоиҳа оид ба татбиқи зерлоиҳаҳо бо мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар самтҳои кишоварзӣ, обёрӣ, бунёди гармхонаву сардхонаҳо, ҷангал, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташкили боғҳои интенсивӣ, таъминот бо тухмии сабзавот, техникаи хурдӣ кишоварзӣ ва нақшаҳо барои соли равон раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода тавсеаи ҳамкориҳоро дар ин самтҳо дар соли равон ва давраи минбаъдаи татбиқи Лоиҳа муҳим арзёбӣ намуд.
Гуфта шуд,ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои татбиқи Лоиҳа дар ҷамоатҳои деҳоти ҳадафӣ манфиатдор аст ва дар ин кор мусоидати фаъолонаро роҳандозӣ менамояд.