
ДИДОРБИНӢ БО БОНУВОНИ БАРӮМАНД
2025-03-06 11:31:06
Табрику таҳнияти модарону бонувон ба муносибати Рӯзи модарон, арҷ гузоштан ба заҳмату нақши носутудании онҳо бо ибтикори Пешвои муаззамии миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлоли кишвар ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар ин росто арафаи Рӯзи модарон раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо чанд нафар бонувони барӯманди шаҳр дидорбинӣ карда, онҳоро бо Рӯзи модарон муборакбод намуд.
Яке аз онҳо омӯзгори собиқадор Ҳалима Саъдуллоева аст, ки беш аз ним аср ба шогирдон асрори фанни биологияро омӯзонида, дар тарбияи онҳо саҳм гузоштааст.
Ҳамроой Эсоева бошад 40 сол дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳр ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ хату савод омӯзонидааст ва ҳоло дар иҳотаи фарзандону наберагон давлати пирӣ меронад ва шогирдони зиёдаш ӯро эҳтиром мекунанд.
Басра Миноқулова – собиқадори соҳаи матлубот, солҳои зиёд дар вазифаҳои роҳбарӣ заҳмат кашида, дар беҳдошти соҳа ва тарбияи фарзандони солеҳ саҳми бориз гузоштааст.
Дар сӯҳбат ин бонувони барӯманд аз сиёсати давлат нисбат ба занону модарон изҳори қаноатмандӣ ва шукргузорӣ намуданд.
Ба онҳо тӯҳфаҳои идонаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

