
БОЗДИД АЗ ИНШООТИ ВАРЗИШӢ
2025-02-25 16:40:28
Гурӯҳи кории Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини раиси Кумита Муҳаммадтолиб Шокирзода дар ҳайати намояндаи Федератсияи байналмилалии гӯштингирӣ ва муовини раиси Федератсияи гуштини миллии Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба Панҷакент аз як қатор иншооти варзишӣ, аз ҷумла варзишгоҳи марказӣ ва қасри “Паҳлавонони суғдӣ” дидан карда, дар маросими ҷамъбасти мусобиқа оид ба волейбол барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳр иштирок намуданд.
Дар мулоқот бо раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иброз шуд, ки арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Панҷакент баргузории мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ бо иштироки варзишгарон аз ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна пешбинӣ шудааст.
Шароит ва ҳолати варзишгоҳи марказии шаҳр барои баргузории чунин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ мувофиқ дониста шуд.
Дар ин рӯз ҳамчунин муовини раиси вилояти Суғд Зуфархон Исмоилзода ва сардори раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматзода аз иншооти варзишии шаҳр дидан намуда, бо варзишгарони наврас дар қасри “Паҳлавонони суғдӣ” сӯҳбат оростанд.