Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

ПАНҶАКЕНТ- ШАҲРИ САБЗ

2025-02-22 09:23:25

Таҳти ин шиор бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки кормандони бахшҳои бонкҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, дигар соҳибкорони шаҳр ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор шуд.
Дар ин рӯз дар шафати шоҳроҳи Панҷакент – Айнӣ дар канори деҳаи Сӯфиён бо маслиҳати мутахассисон беш аз 200 без ниҳолҳои сӯзанбарг шинонида шуд.
Зимни боздид раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба ташаббускорону саҳмгузорони ин аксия изҳори сипос намуда, ба масъулони шуъбаи ҳифзи муҳити зист, Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан, хоҷагиҳои деҳқонии шафати шоҳроҳ дастур дода шуд, ки нигоҳубини навниҳолонро зери назорати ҳамарӯза қарор диҳанд.
Чунин ҳашару аксияҳо то анҷоми мавсими ниҳолшинонию сабзгардонӣ пайваста баргузор карда мешаванд

single