
ОҒОЗИ КИШТИ БАРВАҚТИИ КАРТОШКА
2025-02-21 11:39:30
Кишоварзони хоҷагии деҳқонии “Меҳнатобод”-и Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент имсол нахустин шуда, ба кишти барвақтии картошка шурӯъ намуданд.
Дар оғози кишт, ки бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ва фотиҳаи деҳқонони кордида сурат гирифт, саҳмдори собиқадори хоҷагӣ Ҳусниддин Шукуров иброз дошт, ки дар шаст ҳисса замини саҳмаш пурра картошкаи барвақтӣ кишт менамояд ва баъди ҷамъоварии он дар ин замин сабзавот парвариш хоҳад кард. Ӯ ба қадри зарурӣ барои кишти картошка тухмӣ захира кардааст.
Имсол дар ин хоҷагии деҳқонӣ дар майдони 32 ва Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан дар 535 гектар картошка, ки қисми асосии он барвақтӣ аст, пешбинӣ шуда, ҳоло омода намудани заминҳо барои кишт ва шинонидани он идома дорад.
Дар ин рӯз ҳамчунин деҳқонони хоҷагии “Хуросон”-и Ҷамоати деҳоти Ёрӣ низ ба кишти барвақтии картошка шурӯъ намуданд.
Дар маҷмӯъ имсол дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр дар майдони 3900 гектар кишти картошка пешбинӣ шудааст ва тибқи маслиҳати мутахассисон бояд дар 70 дарсади он картошкаи барвақтӣ, ки дар иқлими водии ҳудуди шаҳр ҳосили хуб медиҳад, кишта шавад.
