Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > « САД РАНГИ ЧАКАН» - БАҲОР ДАР ЗИМИСТОН
single-product

« САД РАНГИ ЧАКАН» - БАҲОР ДАР ЗИМИСТОН

2025-02-15 12:23:14

Бо раҳнамоӣ ва Амри Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола фестивали ҷумҳуриявии “Сад ранги чакан” баргузор мешавад.
Дар ҳамин замина дар шаҳри Панҷакент бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр даври шаҳрии ин озмун бо иштироки доираи васеъи бонувони ҳунарманди шаҳр баргузор шуда, беҳтаринҳо бо диплому тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардида, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд,
Чакан чун навъи гулдӯзии тоҷикӣ бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2018 ба Феҳристи мероси башарии созмони ЮНЕСКО шомил шуда буд. Дар сомонаи ин созмони фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид он чун “як навъи гулдӯзии миллӣ дар матоъҳои пахтагӣ ва абрешимӣ, ки бештар дар байни занону духтарони тоҷик ривоҷ ёфтааст”,ташреҳ шудааст.
Дар суратгузориши зер ҷилваи рангҳои ин ҳунари миллии тоҷикӣ инъикос шудааст.

single