
МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - ВАЗИФАИ МУҲИМИ РӮЗ
2025-02-15 09:22:12
Мубориза бо терроризм ва экстремизм самти афзалиятнок ба шумор меравад, зеро ин зуҳурот ҳоло ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвишу нигаронӣ овардааст- таъкид шудааст дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат.
Масъалаҳои мубориза бо ин падидаҳои хатарзо дар доираи талаботи”Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва прокуратураи шаҳри Панҷакент дар ҷамъомади васеъ бо иштироки кормандони масъули мақомоти иҷроия, ҷамоатҳои деҳот, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷу донишкада, имом- хатибони масоҷид мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷамъомад зимни баррасии рафти иҷрои стратегияи мазкур зарурати боз ҳам тавсеа додани кор дар ин самт, ба насли ҷавон фаҳмонидани хатари терроризму экстремизм ба низоми давлат ва ҷомеа, пешгирии ифротишавии баъзе ҷавонон, мубориза бо ифротгароии динию мазҳабӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, арзишманд донистани фазои сулҳу субот дар ҷомеа таъкид карда, аз онҳо даъват ба амал оварда шуд, ки дар мубориза бо ин падидаҳо, ки барои низоми ҷомеа, фазои сулҳу субот, рушди иқтисодию иҷтимоӣ хатарзо мебошанд, бетараф набошанд ва дар ин самт мавқеи фаъоли ҷамъиятӣ дошта бошанд.
