Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОНИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ
single-product

МУЛОҚОТ БО СОҲИБКОРОНИ КОРЕЯИ ҶАНУБӢ

2025-02-13 17:27:06

Дар заминаи сиёсати “дарҳои боз” дар ҳамкорию равобити иқтисодӣ бо кишварҳои хориҷӣ, ки Ҳукумати кишвар амалӣ менамояд, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо намояндагони соҳибкорон ва олимони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар ҳайати сарвари пажӯҳишгоҳи ғизо, кумитаи ҳифзи муҳити ҷаҳонӣ ва дигар ниҳодҳои ин кишвар мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот, ки дар доираи ҳусни тафоҳум баргузор шуд, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, аз ҷумла картошкапарварӣ, ташкили тухмипарварии ин зироат дар заминаи таҷрибаҳои кишоварзону олимони Кореяи Ҷанубӣ матраҳ карда шуд.
Изҳор карда шуд, ки роҳандозии ҳамкориҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, энергетика ва моҳипарварӣ, ки меҳмонон таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд, ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд.
Мемонон аз боздидашон аз Тоҷикистон, аз ҷумла, шаҳри Панҷакент изҳори қаноатмандӣ намуданд.