Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ҲУНАРМАНДРО ГАВҲАР ОЯД БА КОР
single-product

ҲУНАРМАНДРО ГАВҲАР ОЯД БА КОР

2025-02-12 17:29:01

Дар хонаи ин бонуи ҳунарманди гулдаст ба рағми сардиҳои зимистон худро дар оғӯши баҳор эҳсос менамоед.
Сӯзанию гулдӯзиҳои ҳарранга, болопӯшу хилъатҳои зебою ҳарири арӯсӣ, кӯрпаю болиштҳои қуроқӣ, хӯрҷину гилемчаҳои дастибофт, ҷомаҳои хушдӯхт ҳунари дасти сокини деҳаи Бедаки Ҷамоати деҳоти Косатароши шаҳри Панҷакент Мамлакат Ёрова аст, ки барои арӯсони деҳа, дигар талабгорони ҳунари зебои қадимаи миллӣ ҳамроҳи аҳли оила ва шогирдонаш меофарад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба ҷамоати деҳот бо маҳсули дасти ин бонуи ҳунарманд шинос шуда, ба ӯ аҳсану офарин хонд.
Дар сӯҳбат ӯ иброз дошт, ки ҳанӯз аз замони наврасӣ ба ҳунари дӯзандагию бофандагӣ ва гулдӯзӣ шавқ дошт ва ба тадриҷ ҳунараш ривоҷ ёфту ба аҳли оила ва даҳҳо нафар духтарони деҳа онро омӯзонд, маҳсули дасташро борҳо дар намоишҳои гуногун, дар иди Наврӯзу Сада манзури ҳамдиёрон намуд, даҳҳо нафар гулдухтарони зодгоҳаш ва ҳамсоядеҳаҳо аз маҳсули дасти ӯ барои ҷиҳози арӯсӣ мехаранд.
Ба ин бонуи гулдӯз тавсия дода шуд, асрори ҳунарашро ҳарчи бештар ба духтарони деҳа омӯзонад, онро бештар пешкаши харидорону шавқмандон, сайёҳон намояд, то ин анъанаи мардумӣ ва ин ҳунари миллӣ минбаъд низ побарҷо бимонад.

single