Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ШИФЕР ВА КӮДАКИСТОН
single-product

БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁДИ КОРГОҲИ ИСТЕҲСОЛИ ШИФЕР ВА КӮДАКИСТОН

2025-02-12 10:39:07

Бо дастгирию мусоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва ҷалби соҳибкорон дар Ҷамоати деҳоти Сӯҷина ба ифтихори 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди иншооти таъиноти истеҳсолӣ ва иҷтимоӣ идома меёбад.
Дар ҷараёни боздид аз ҷамоати деҳот раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо рафти бунёди коргоҳи истеҳсоли шифер дар соҳили рӯди Зарафшон шинос шуд.
Ин ҷо бо сармоягузории соҳибкор Фариз Камолов бунёди коргоҳи истеҳсоли шифер вусъат меёбад. Сохтмони биноҳо барои васлу насби таҷҳизот тибқи лоиҳа идома дошта, ба ин кор мутахассисон ва бинокорони соҳибтаҷриба ҷалб шудаанд.
Дар маркази деҳа бошад дар сохтмони кӯдакистони дорои дусад ҷой дар бинои собиқи маъмурӣ аз ҷониби соҳибкор Алиҷон Маҷамов корҳои ороишӣ ва таҷдиди ҳуҷраҳои дохили бино идома меёбад.
Зимни шиносои бо рафти корҳо ба соҳибкорон барои дар мӯҳлати муқарраршуда ва бо сифати хуб анҷом додани корҳо дастур дода шуд.

single