
ДАР МАРКАЗИ ТИББИИ «ШИФО» ВАРЗИШГОҲ МЕСОЗАНД
2025-02-12 09:52:16
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва сармоягузории соҳибкор Абдушафеъ Ҳоҷиев корҳои таҷдиду таъмир дар маркази тиббии “Шифо”, ки дар яке аз гӯшаҳои зебои шаҳр воқеъ гаштааст, бо маром идома меёбад.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иттилоъ дода шуд, ки ин ҷо ҳоло баробари азнавсозии бинои асосӣ, сохтмони маркази оши палов, ҳавзи моҳипаварӣ, ҳамчунин ба бунёди варзишгоҳ шурӯъ намудаанд.
Варзишгоҳ дар масоҳати 45 ба 22 метр бо тарҳи замонавӣ ва фарши сунъӣ бунёд шуда, барои бозиии футбол, волейбол ва машқҳои дигари варзишию солимгардонӣ пешбинӣ шудааст.
Бо бунёди чунин иншооти табобатию солимгардонӣ маркази тиббии “Шифо” дар ояндаи наздик ба ҷои табобобату истироҳат барои сокинону меҳмонони шаҳр табдил меёбад.
