Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ТӮҲФАИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО БА КИТОБХОНАҲО
single-product

ТӮҲФАИ ПРЕЗИДЕНТИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲО БА КИТОБХОНАҲО

2025-02-11 11:54:20

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвақтзода дар сафари кории худ ба шаҳри Панҷакент ба китобхонаи марказии шаҳр ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70, деҳаи Порвени Ҷамоати деҳоти Ворӯ беш аз 700 нусха китобҳои бадеӣ, илмӣ ва дастурҳои методӣ тӯҳфа намуд.
Китобҳои арзишманд дар бораи нақши эҳёгарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Фарҳанги тоҷикӣ-русӣ, “Зод-ул- мусофирин”-и Носири Хисрав, рисолаҳои илмӣ дар бораи устод Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, фалсафа, таърих, илмҳои дақиқ, китобҳои бадеӣ аз ҷумлаи ин адабиёти тӯҳфашуда аст.
Аз мутолиаи ин китобҳо хонандагони китобхонаҳои шаҳр ва муҳассилини таълимгоҳи ин деҳаи дурдаст, ки аз оғози соли ҷории хониш дар бинои нав, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр бунёд шудааст, таҳсил мекунанд, баҳраи маънавӣ мебаранд ва ба Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурӣ барои чунин тӯҳфаи арзишманд изҳори сипос менамоянд