Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР МОҲИ АВВАЛИ СОЛ
single-product

БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР МОҲИ АВВАЛИ СОЛ

2025-02-10 19:39:56

Дар маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода имрӯз натиҷаҳои фаъолияти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар заминаи дастуру супоришҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар баён шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни шунидани гузориши мудирони шуъбаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, нозироти андоз, роҳбарони як қатор ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот оид ба натиҷаҳои фаъолият дар таъмини рушди иқтисод, иҷрои нақшаи воридоти маблағ ба буҷет, фаъолияти корхонаҳои саноатӣ, сохтмон , соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла омодагӣ ба мавсими кишт, захираи тухмӣ, сабзгардонию ниҳолшинонӣ, маориф, танзими анъана ва ҷашну маросим, кор бо занону ҷавонон, омодагӣ ба маъракаи даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ва масъулини дигар соҳаҳо таваҷҷӯҳи онҳо ба ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, иҷрои босифати буҷет, таъмини нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, идомаи корҳои бунёдкорӣ,омода намудани заминҳо ба мавсими кишт, вусъати маъракаи ниҳолшинонӣ, омода намудани иншооти обёрӣ, кор бо ҷавонони синни даъватӣ, беҳдошти коргузорӣ ва дигар мавзӯъҳо ҷалб карда шуд.
Дар маҷлиси назоратӣ ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими рӯз баррасӣ шуда, ба масъулин дастуру супоришҳо дода шуд.

single