
БОЗДИД АЗ КОРГОҲИ ДӮЗАНДАГӢ
2025-02-08 15:46:29
Соли гузашта дар шаҳри Панҷакент беш аз 105 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол карда шуд, ки қисми бештари он маҳсули дасти дӯзандагони ҶДММ “Маҳсул” аст.
Зимни боздиди раиси шаҳр аз коргоҳи дӯзандагӣ гуфта шуд, ки ҳоло ин ҷо чил нафар дӯзандагон ба кор фаро гирифта, аз ҳоло барои соли таҳсили оянда бо фармоиши муассисаҳои таълимӣ либоси мактабӣ омода менамоянд. То ин муддат коргоҳ барои дӯхтани беш аз 80 ҳазор дона либоси мактабӣ фармоиш гирифтааст.
Зимнан, либоси мактабии ин коргоҳи дӯзандагӣ аз матоъҳои хушсифат омода шуда, нархаш низ нисбати чунин либоси воридотӣ арзон буда, сифати дӯхташ низ ба тибқи меъёрҳои соҳавӣ аст.