Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > НИҲОЛШИНОНӢ ДАР КАНОРИ ШОҲРОҲ
single-product

НИҲОЛШИНОНӢ ДАР КАНОРИ ШОҲРОҲ

2025-02-05 20:10:33

Ҳаракати ниҳолшинонӣ, ки ҳоло дар мамлакат бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мешавад, дар шаҳри Панҷакент ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад.
Имрӯз бо иқдоми мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо иштироки раис шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар канори шоҳроҳи Панҷакент –Айнӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ҳашари ниҳолшинонӣ баргузор шуд.
Ҳашарчиён дар канори шоҳроҳ бо дастури мутахассисон ва тибқи қоидаҳои агротехникӣ даҳҳо бех ниҳоли ороишии сӯзанбарг шинониданд.
Зимни ҳашари ниҳолшинонӣ ба масъулони шуъбаи ҳифзи муҳити зист, ҷамоати деҳот дастур дода шуд, ки назорат ва нигоҳубини ниҳолҳоро зери назорат гирифта, ин кор минбаъд низ идома дода шавад.
Маъракаи ниҳолшинонӣ ва сабзгардонии канори роҳу кӯчаҳо бо наздик омадани фасли баҳор рӯз то рӯз вусъат меёбад.

single